ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Полковник Шокирзода Баҳром ба мақоми сардори милиса дар ноҳияи Панҷ таъйин шудааст, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Панҷ ноҳияи наздимарзӣ мебошад, ки дар пасманзари ғасбкориҳои Толибон* дар Афғонистон таваҷҷуҳ ба амният дар навоҳии наздимарзӣ тақвият ёфтааст
Дар сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи Шокирзода Баҳром иттилоъ дода шудааст, ки ӯ аз моҳи феврали соли 1993 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, Шокирзода Баҳром Холи 56-сола дорои маълумоти ҳуқуқӣ ва соҳиби медали “Ҷасорат” мебошад.
Ӯ дар мақомҳои гуногун, аз ҷумлаи корманди отряди махсуси милисаи ШВКД дар ноҳияи Варзоб ва қисми низомии 3502 -и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВУД Тоҷикистон кор кардааст.
Сипас ӯ дар мақомҳои сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, сардори ШВКД Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, сардори Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор фаъолият доштааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Шокирзода Баҳром Хол вақтҳои охир иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.