ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Sputnik Афғонистон бо истинод ба расонаҳои хабарии Кобул, Ато Муҳаммад Нур, губернатори собиқи Балх ва яке аз пешвоёни хезиши мардумӣ ҳангоми суҳбат бо садҳо ҷонибдори мусаллаҳаш таъкид кард, ки агар Толибон (гуруҳи террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мануъ) ба сулҳ итоат накунанд, бо ҷанг посух хоҳад дод.
Ато Муҳаммад Нур тарафдоронашро даъват кард, ки "шаҳодат" -ро аз "тозиёнаи ғарибон" афзалтар шуморанд ва "далерона бархоста, замини худро дифоъ кунанд".
Вай гуфт, ки нерӯҳои зери фармондеҳии ӯ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дар сурати пазируфта нашудани сулҳ, дар канори ҳукумат алайҳи Толибон* мубориза хоҳанд кард.
"Ҷанги мо барои сулҳ аст", - гуфт собиқ волии Балх.
Ҳоло садҳо ҷонибдорони Ато Муҳаммад дар Мазори Шариф силоҳ ба даст гирифта, барои мубориза бо Толибон* омодагӣ мегиранд. Нур бошад Толибонро* даъват кард, ки ҷангро бас кунанд ва ба мизи музокироти сулҳ баргарданд.
Губернатори собиқи Балх таъкид мекунад, ки ӯ ҳама навъ силоҳҳоро дар ихтиёр дорад ва дар муқобили ҳар як силоҳи лазерии Толибон* даҳҳо мил силоҳи пешрафта ва вазнин дорад.
"Мо туп алайҳи душман дорем, танкҳо дорем, иншоот дорем, ҳама чиз дорем. Дар назди ҳар як лазер, мо даҳҳо лазерро дар хатҳо дорем, ки ин беҳтарин навъи силоҳи лазерӣ мебошад, ки метавонад зиёда аз ду километрро парронад", - гуфт Нур.
Ёдовар мешавем Нур дар Мазори Шариф хезиши мардумиро ташкил кард ва ҳатто дар рӯзҳои аввал дар амалиётҳо низ ширкат кард.
Ҳоло ӯ бо ҳайате аз намояндагони ҳукумати ғанӣ барои гуфтушунид бо Толибон ба Доҳа рафтааст.
* - гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, манъ карда шудааст.