Борону раъду барқ ва гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

Город Душанбе, архивное фото
Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Дар вилояти Суғд борон мебораду дар вилояти Хатлон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кутоҳмуддат борида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +37 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +35 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Борони кутоҳмудат мебораду раъду барқ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +38 дараҷа гарм мешавад.