ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, муҳассилини тоҷике, ки мехоҳанд аз Қирғизистон ба муассисаҳои таълимии олиии ҷумҳурӣ гузаранд, бояд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Масъулини Вазорати маориф мегӯяд, афроде, ки дар шакли буҷавӣ таҳсил мекунанд ба бахши буҷавӣ ва шартномавӣ мувофиқан ба бахши шартномавӣ интиқол дода мешаванд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дар Қирғизистон асосан дар ду шакл таҳсил мекунанд. Яке тибқи квотаҳои байниҳукуматӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки худашон барои таҳсил рафтаанд. Ба гуфтаи вазир, онҳое, ки худашон барои таҳсил рафтаанд, зиёда аз 2 ҳазор нафар буда, асосан дар шаҳрҳои Бодканд, Ош ва Бишкек таҳсил мекунанд.
Масъулини Вазорати маориф мегӯянд, аризаҳо ворид шудаанду комиссияи махсус вобаста ба ин масъала кор карда истодааст. Довталабони интиқол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бояд ариза ва бархе маълумотномаҳоро пешниҳод намоянду вобаста ба ихтисосу самти интихобкардаашон таҳсилро дар Ватан идома диҳанд.
Мақомдорони Вазорат таъкид намуданд, ки аз сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хостаанд, ба донишҷӯёне, ки имкони сафар ба Қирғизистонро надоранд, барои гирифтани маълумотномаҳои зарурӣ мусоидат намоянд.
Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрелӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва борҳои самти Тоҷикистонро манъ кард.