Ду садамаи маргбор: Зумрат ва Меҳровар бо мошинҳояшон ду нафарро пахш карданд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду садамаи маргбор дар пайи беэҳтиётии ронандагон сар задааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, садамаи нахуст рӯзи гузашта тахминан соати 21:40-дақиқа дар ноҳияи Ашт рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Пулотов Меҳровари 29 - солаи ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат кардан дар ҷамоати деҳоти Ашт, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада дучархарон, Нурматов Муҳаммадалии 55 - соларо ки дар канори роҳ ҳаракат мекард, пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа дучархарон Нурматов М.А. аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
Якеро мошин пахш карду дигаре ба худрав бархӯрд: фавти ду нафар бар асари садамаи нақлиётӣ
Ҳамзамон санаи 14-уми июли тахминан соати 22:00 дар ноҳияи Масчоҳ низ садамаи маргбор сар задааст, ки онро ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Леганзе", Ҳоҷибоева Зумрати 33 - сола содир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ", дар 347 км ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарон, Мирзоев Абдурашиди 49 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ин нощияро пахш кардааст.
Дар натиҷа дучархарон, Мирзоев А. М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.