"Ростех" акси ҳавопаймои нави низомии МАКС -2021-ро нашр кард

Sputnik
Корпоратсияи давлатии "Ростех" дар сафҳаи Facebook акси навтарин ҳавопаймои низомиро нашр кард, ки бояд премераи асосии намоиши фазонавардии МАКС-2021 шавад.
Дар акс ҳавопаймо бо ҷилд пӯшонида шудааст. Масъулини "Ростех" дар шарҳи он "Wanna see me naked? (Мехоҳед, маро бараҳна бинед?) навиштаанд.
Ширкат намоиши ин навгониро ба оғози ҳафтаи равон эълон кардааст, аммо маълумоти бештаре ироа намешавад.
Тибқи гуфтаи коршиноси соҳаи авиатсия Олег Пантелеев, ҳавопаймо як муборизи сабуки тактикии насли панҷум бо сарбории бузурги ҷангӣ ва воситаҳои пешрафтаи нобудсозии авиатсия хоҳад буд.
Думи шаклдори V ва контури бол, ба гуфтаи коршинос, аз истифодаи технологияҳои камнамо нишон медиҳанд.
Имсол Салони байналмилалии авиатсионӣ ва кайҳонӣ понздаҳсолагии худро ҷашн мегирад. Намоишгоҳ рӯзҳои 20-25 июл дар Жуковский дар наздикии Маскав баргузор мешавад. Ҳама чорабиниҳо бо назардошти талабот оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус гузаронида мешаванд.
Инчунин пахши барномаҳо дар каналҳои YouTube "Ростех" ва ОАК эълом шудааст.