ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ҷумҳурии федаралии Олмон, Франк-Валтер Штайнмайер барқияи таслият ирсол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Штайнмайер аз хабари обхезии маргбор дар Олмон изҳори андуҳ кардааст.
“Хабари обхезиҳои шадид дар натиҷаи боришоти зиёд дар кишвари дӯст, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд”, - омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз президенти Олмон хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии самимии ӯро ба мардуми дӯсти Олмон бирасонад.
“Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифои комил хоҳонам”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ин паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳафтаи равон Олмонро борони шадид ва селу обхезӣ фаро гирифт. Бар асоси гузоришҳои расида, боронҳои шадид ва обхезиҳо дар Олмон ҳадди ақал ҷони 100 нафарро гирифта, тақрибан 1,3 ҳазор кас беному нишон эълон шудаанд.