ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Дар Боғи Ирами Душанбе хӯрокҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай муаррифӣ мешавад.
Масъулини соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии СҲШ ва нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ Фестивали хӯрокҳои миллӣ баргузор мекунанд.
Тавре Вазорати фарҳанг гузориш медиҳад, ҷашнвора бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии ва ҳамкорӣбо шаҳрдории Душанбе баргузор карда мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ имрӯз, 16 баргузор мегардад.
Аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.
Имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.