Дастури Рустами Эмомалӣ дар мавриди масҷиду намоз: бо ниқобу нигаҳдошти фосила

Шаҳрдории Душанбе истифодаи ниқоб ва рияои қатъии фосила дар масоҷиди пойтахтро таъкид намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе ба ходимони дину масъулини тандурустӣ дастурҳои шаҳрдор, Рустами Эмомалиро, ки ахиран дар ҷаласаи вакилон баён доштааст, расондаст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ дар мулоқот ба риояи қатъии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, диққати ҷиддӣ додан ба тозагию озодагии марказҳои саломатии пойтахт, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо таъкид гардид.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, нархҳоро дар Иди Қурбон таҳти назорат мегиранд
Аз руҳониён даъват шудааст, ки бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни намозгузоронро тақвият диҳанд.
“Масъулин ва мутасаддиёни соҳа, имомхатибон ва ходимони дин дар анҷоми вохӯрӣ бори дигар вазифадор карда шуданд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро сари вақт ислоҳ намоянд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ахиран санаи таҷлили иди Қурбонро дар ҷумҳурӣ 20 июл таъйин кард. Ба иттилои манбаъ, намози дастаҷамъонаи ид сати 6:30 баргузор мешавад.
Руҳониёни тоҷик дар мулоқот дар ҳукумати шаҳри Душанбе
Имомхатибон вазифадор гаштаанд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянду худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.