ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Алла Пугачёва дар маросими дафни Александр Стефанович ширкат накард, гузориш медиҳад Пятый канал.
Примадоннаи саҳнаи рус ва коргардони машҳур моҳи декабри соли 1977 издивоҷ карда, пас аз се сол аз ҳам ҷудо шуданд.
Расонаҳо мегӯянд, муносибати байни ҳамсарони собиқ, сард буд.
Дар тӯли умри худ, шавҳари собиқи Алла худро "созанда" -и Пугачёва меномид. Ӯ мутмаин буд, ки сароянда дар назди ӯ хеле "қарздор" аст.
Аммо, Алла Борисовна бо ӯ розӣ нест. Манбаъ менависад, ки ситораи саҳнаи Русия аз шавҳари собиқаш хоҳиш кардааст, ки ӯро ба ҳолаш гузаорад ва хотиррасон кардааст, ки пеш аз вохӯрӣ бо ӯ, бо шарофати хити "Арлечино" аллакай шинохта шуда буд.
Инчунин, Пугачёва қайд кардааст, ки ӯ бо Стефанович на аз рӯи муҳаббат, балки барои лозим будани иҷозаи иқомат ба ҳамсари собиқаш, дар Маскав, бо ӯ издивоҷ кардааст.
Стефанович 13 июл вафот кард.
Сабаби марги коргардон бемории коронавирус буд.