Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Мастчоҳ ба камбуди ваксин рӯбарӯ аст: "300 вояи воридшуда барвақт тамом шуд"

Ба ин ноҳия ҳамагӣ 300 воя ваксин алайҳи коронавирус ворид шудааст, ки ин барои яке аз ноҳияҳои сераҳолии вилояти Суғд басанда нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомдорони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз камбуди ваксин алайҳи бемории коронавирус шикоят мекунанд.
Ин масъала зимни нишасти матбуотӣ баррасӣ шуд ва намояндагони раиси ноҳияи мазкур ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки ба Мастчоҳ ҳамагӣ 300 воя ваксин ворид шуд, ки ин миқдор ваксин барои яке аз ноҳияҳои сераҳолии вилояти Суғд басанда нест.
Нишаст бидуни ҳузури раиси ноҳия ва муовини ӯ бегоҳи рӯзи 14 июл баргузор шуд. Маълум гардид, ки ҳар ду намояндаи калидии ин ноҳия бо сабаби беморӣ натавонистанд дар нишасти матбуотӣ ҳузур пайдо кунанд.
Зикр гардид, ки ба ноҳияи мазкур ваксини "AztraZeneca", ки истеҳсоли Ҳиндустон аст, ворид гардид ва 50 фисади кормандони тиб бо он эмгузаронӣ шуданд.
"Ин миқдор ваксин барвақт тамом шуд", - тавзеҳ дод сартабиби КАСТ- и ноҳия.
Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки феълан мастчоҳиёне, ки гирифтори коронавирус ҳастанд, дар шароити хона ба табобат фарогирифта мешавад. Вале мақомдорон ба хабарнигорон дақиқан нагуфтанд, ки дар Мастчоҳ чанд нафар гирифтори коронавирус аст. Танҳо таъкид шуд, ки вазъият таҳти назорат қарор дорад.
Тоҷикистон сар аз 21 июл ба мавҷи дуюми маризии коронавирус рӯбарӯ шуд ва то 14 июл аз ин беморӣ дар мамлакат 107 нафар ҷон аз даст доданд.
Аҳолии кишвар феълан бо ду намуд ваксин эм мешаванд, ки яке истеҳсоли Чин ва дигаре ваксини бритонӣ-шведӣ мебошад.
Рӯзи гузашта, Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки Тоҷикистон боз 3.4 миллион воя ваксинро аз Чин харидорӣ мекунад.