ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik, Фахриддин Холбек. Дар минтақаи Корези вулусволии Наҳри Шоҳӣ даҳҳо хаймаҳо доман густурдаанд. Ин ҷо урдугоҳи гурезаҳо ва ё муҳоҷирони дохилӣ аст.
Ҳамаи онҳо иҷборӣ аз дасти Толибон (ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикстон ва Русия) ва тарси ҷанг хонаҳои худро тарк кардаву ба қисмати ҷанубии шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх рафтаанд.
Умдатан беҷошудаҳо аз вулусолиҳои Ширин Тагоб, Қайсор, Хоҷа Сабзпӯши вилояти Форёб, Гӯсфандии вилояти Сарипул, Имом Соҳибу Қалъаи Золи вилояти Кундуз ва Давлатободи вилояти Балх мебошанд - минтақаҳое, ки ҳоло дар дасти Толибонанд.
Бархеашон дар ин ҷо 2 сол боз зиндагӣ мекунанд. Ин макон як ҷойи беобу регистонист ва ҳатто дарахти сабз ҳар гуна сарсабзии дигар ба нудрат ба назар мехӯрад.
Даҳҳо хайма таги офтоби сӯзон ҷо – ҷо дар ин минтақа, мисли урдугоҳҳо, доман густурда, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Танҳо як ҳафтаи ахир 80 хаймаи нав дар ин минтақа зада шуд, ки теъдоди умумии онҳоро ба ду ҳазор расонд.
Ин омор танҳо ривояти талхи дигар аз ташдиди ҷангҳо ва фоҷиаҳои нави инсонӣ, ки ба сари мардум дар шимоли Афғонистон меояд, нест.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо сокинони ин хаймазор сӯҳбат кард. Мардону кӯдакони ин ҷо меҳмононро хуш доранд, то дил холӣ кунанд.
Қиссаҳои онҳо дили сангро об мекунад ва осмонро бар сари одам чаппа мекунад.
Ғулом Сахӣ Асад, арабтабори сокини деҳаи Қарашинкии вулусволии Хоҷа Сабзпӯши вилояти Форёб, мегӯяд, ин мардум онҳоеанд, ки дар ҷангҳо фарзанд, шавҳар ё бародар, ноновари хонаводаро аз даст дода, чун ҷои дигар наёфтанд, ба вилояти Балх омаданд.
“Мо ба шаҳр баладӣ надорем, ки як кору ғарибӣ кунем. Як сӯ қарантин, як сӯ ҷанг. Ин ҷо ҳам рӯз ба рӯз ноамн мешавад ва ояндаамон ҳам торик аст. Кор нест. Ҳама асири ҳамин хаймаҳои куҳнаву фарсудаанд. Баъзан давлат, баъзан созмонҳои хайрия кӯмак мекунанд, аммо ин кӯмакҳо мудаввом нестанд”, - гуфт Ғулом Сахӣ Асад.
Дар ин хаймаҳое, ки якуним ба ду метр андоза доранд, аз чор то ҳашт нафар зиндагӣ мекунанд. Аксарияти кулли онҳо дар ин тамузу гармии тоқатфарсо, ки ҳаво дар даштҳои Балх то 50 дараҷа гарм мешавад, ба таъбири худашон, чаплоқ (таппочка) – ҳои резинӣ ё кафшҳои дарида ба по доранд ва пойҳояшон аз ҳар зовия ҳамеша дар оташ аст.
Чеҳраҳои хаставу офтобхӯрдаи мардон, мӯйҳои жӯлидаву чашмони ғамгини кӯдакон чизҳоеанд, ки зуд ба чашму дили инсон мехӯранд.
Руқия, зани 30 – солаи форёбӣ, аз зери чодариаш мисли як кампири 70 – сола садо мебарорад. Дар пайи ҷангҳои ахир шавҳараш ба шаҳодат расида ва ӯ фарзандонашро гирифта, ба Балх фирор кардааст. Вай афзуд, ду духтари наврас дорад ва Толибон ба ин далел, ки падарашон бо онҳо ҷангидааст, онҳоро бо худ хоҳанд бурд.
“Ҳафт нонхӯр дорам. Мардон ку мераванд, ягон ҷо кор карда, нони бачаҳояшонро пайдо мекунанд, аммо ман – як модари танҳо, ки то дирӯз зери сояи марди хонавода будам ва ба коре балад нестам, чӣ кунам?”, - мегӯяд Руқия.
Дар хаймаи дигар як хонуми беҷошуда аз вулусволии Давлатободи Балх бо дӯхтани шерозаи чапан ё ҷома машғул аст. Як кори сангине, ки ҳавсала ва вақти зиёд мехоҳад. Аммо барои ин кораш ҳамагӣ 30 афғонӣ (1 доллар = 80 афғонӣ) мегирад. Ӯ дигар роҳ ҳам надорад, зеро бо чор фарзанд дар ин хайма зиндагӣ мекунад.
Рӯзгори Мардонқул, як мӯйсафеди 74 – сола аз вилояти Сарипул низ ғамангез аст. Чанде қабл ӯ ҳамсарашро аз даст додааст ва ҳоло дастнигари ду тифл шудааст.
“Дар ин хайма худам, як хоҳари беваам ва ду бачаам зиндагӣ мекунем. Зиндагии харобе дорем. Бачаҳоям хеле хурданд. Ҳамонҳо мераванд, гадоӣ мекунанд ва як бурда нон пайдо карда, меоранд, ки мехӯрем”, - гуфт ӯ.
Абдухолиқ, мӯйсафеди 73-солаи дигар аз вулусволии Андхӯйи вилояти Форёбро низ тифлони ноболиғаш мехӯронанд. “Пою дастам абгор аст. Толибон манзиламонро хароб карданд. Фарзандонам гадоӣ мекунанд. Чизе барои хӯрдан надорем, ба ҷуз ҳамин чою нони хушк”, - гуфт ӯ.
Мӯйсафедони беш аз 70 – сола ва тифлони ноболиғи онҳо таҷҷаубангез аст. Аммо огаҳони вазъ мегӯянд, ин тифлон набераҳову абераҳои ин мӯйсафедон, фарзандони онҳоеанд, ки дар ҷангҳо алайҳи Толибон ба шаҳодат расидаанд.
Мӯйсафедон аз ин боб суҳбат намекунанд, зеро дар ҳоли ба дасти Толибон афтодан онҳо ҳамтан кушта хоҳанд шуд, зеро фарзандони онҳоеанд, ки бо онҳо ҷангидаанд.
Ба ҳамин минвол, дар ду ҳазор хайма кас ду ҳазор қиссаву саргузаштеро мешунавад, ки ғамангезтару талхтар аз якдигар ҳастанд. Аммо ин хаймаҳо ва ин саргузаштҳо ҳар рӯз зиёд мешаванд ва маълум нест, ин фоҷиа то куҷо мекашад ва то кай идома пайдо мекунад.
Тибқи иттилои Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид, шуруъ аз соли равон ба далели ноамниҳо дар умум беш аз 270 ҳазор сокини Афғонистон рӯ ба муҳоҷирати дохилӣ оварда, шумораи умумии онҳо ба беш аз 3,5 миллион нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ин хаймаҳо охирин истгоҳи ин мардуми дарбадар аст. Толибон давродаври Мазори Шарифро печонда, ҳалқаи муҳосира тангтар мешавад. Дар ҳоли суқути ҷабҳаҳои атрофи шаҳр онҳо дигар ба ҷое наметавонанд рафт.