Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Нотаи Қирғизистон ба Тоҷикистон барои интиқоли қирғизҳои Афғонистон

Қирғизистон мехоҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои интиқоли афғонҳои қирғизтабор кумак кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо ҳукумати Тоҷикистон ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон ҳамкорӣ карда, қирғизҳои афғонро, ки муваққатан дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, ба Қирғизистон интиқол медиҳанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ВУХ Қирғизистон.
Пас аз тасдиқи маълумот, ки қирғизҳои Помири Хурди Афғонистон ба деҳаи Қизил-Работи Мурғоби Тоҷикистон рафтаанд, ин ниҳод ба сохтори паноҳандагони СММ дар Осиёи Марказӣ дар бораи вазъ хабар додааст.
"Инчунин ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумак дар ҳаракати бемамониати қирғизҳои афғон ба гузаргоҳҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон нота, фиристода шуд", - омадааст дар хабар.
Ин масъала таҳти назорати Президент ва Девони Вазирони Қирғизистон гирифта шудааст, мегӯяд манбаъ.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ аз фирори 77 қирғизи Афғонистон ба Мурғоб хабар дод
"Ҷониби Қирғизистон интизор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли саривақтии масъалаи эвакуатсия тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ кумак мерасонад", - омадааст дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дарёфти 3,5 кило маводи мухаддир аз фирориёни афғон дар Тоҷикистон
Қаблан хабар дода шуд, ки 347 афғони қирғизтабор аз тарси "Толибон"* ба Тоҷикистон паноҳ бурданд. Ҳангоми убури марзи давлатӣ ду тифл ҷони худро аз даст доданд.
* - ҷунбиши радикалии манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.