ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, як тан аз вируси карона ҳалок шудаву 42 ҳолати нави гирифторӣ ошкор шудааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 31 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд,", - омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 15 июл дар кишвар 14000 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13631 нафар (97,4%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 110 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони мамлакат ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.