ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан дар шаш моҳи соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 то 224,9 миллион доллар (37,3%) коҳиш ёфтааст. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба маълумоти Бонки марказии Федератсияи Русия хабар додааст.
Тибқи ин гузориш, шумораи интиқолҳои пулӣ аз моҳи январ то июн тақрибан ба ҳамаи кишварҳои ИДМ 13,5% коҳиш ёфтааст.
Танҳо Ӯзбекистон динамикаи мусбат нишон дод. Мувофиқи маълумоти Бонки марказӣ, интиқоли пул ба ҷумҳурӣ дар давоми сол 12,4% афзуда, ба 680,4 миллион доллар расидааст.
Туркманистон дар сархати "антипрейтинг" қарор гирифтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2020 ба он ҷо 0,8 миллион доллар ва дар соли 2021 танҳо 0,1 миллион доллар фиристода шудааст.
Инчунин коҳиши назарраси интиқол ба Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Озарбойҷон қайд карда мешавад.
Интиқоли маблағҳо ба Арманистон (4,2%, ба 113,1 миллион доллар) ва Беларус (4,3%, то 102,9 миллион доллар) нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ камтарин коҳиш ёфт.