ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ситоди фаврӣ хабар дод, ки шумораи гирифторони COVID-19 дар Русия дар як рӯз ба 25 293 нафар расид.
Бештарин ҳолат, танҳо дар 9 июл ба қайд гирифта шуда буд. Он рӯз - 25 766 якбора мубталои коронаврус шуд.
Феълан суръати афзоиш 0,43% -ро ташкил медиҳад. Аз ин шумул 11,9% беморон ягон нишона надоранд.
Дар давоми 24 соати гузашта ин вабои аср ҷони 791 нафарро гирифт.
Ҳамчунин 21 493 нафар шифо ёфтаву аз бемористон мураххас гардиданд.
Аксари гирифторони нав дар Маскав (5237), вилояти Маскав (2444), Санкт-Петербург (1954), камтарин дар Чукотка (ҳашт нафар) ба қайд гирифта шудаанд.
Дар маҷмуъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус дар Русия 5,882,295 гирифтори коронавирус сабт шудаанд. 146 069 нафар ҷон бохт ва 5 278 976 сиҳат шуд.
Мувофиқи маълумоти СҶБ, дар ҷаҳон 187 миллион ҳолати гирифторӣ муайян карда шудааст.
Тибқи омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи онҳо ба 188 миллион наздик мешавад.
Зиёда аз чор миллион нафар аз дасти ин вабо фавтидаанд. Душвортарин вазъият дар ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия ба назар мерасад.
Русия, бино ба маълумоти вебсайти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар ҷои чорум, тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс - дар ҷои панҷум қарор дорад.