Афъюн каму бангдона зиёд: Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шуд:

Дар Тоҷикистон мусодираи афъюн каму бангдона зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik Танҳо аз аввали соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1,6 тонна маводи мухаддир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта (ё 510 кило) 43% зиёдтар аст.
Дар ин бора генерал-майори адлия Хабибулло Воҳидзода, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Номбурда гуфт, дар ин давра кормандонаш беш аз 200 кило маводи нашъадор, аз қабили героин, афюн, ҳашиш, каннабис, моддаҳои психотропии қавӣ ва лавҳаву хокаҳои синтетикиро кашф кардаанд.
Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон
Воҳидзода гуфт, дар умум мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар давоми ним соли ахир дар кишвар беш аз 1 тоннаву 695 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
"Зиёда аз 800 килоро Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз 600 ва Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия беш аз 11 кило маводи мухаддирро ошкор ва мусодира карданд", - афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи Воҳидзода, дар ин давра фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноии иборат аз 64 нафар ва фаъолияти як гуруҳи мутташаккили ҷиноӣ иборат аз 2 нафар, ки ба воридот ва паҳнсозии маводи мухаддаир машғул буданд, ошкор ва қатъ карда шуд.
Гуфта мешавад, сарфи назар аз кам шудани ҳаҷми мусодираи афюн дар 6 моҳи аввал дар Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми мусодираи бангдона (бангдона ва ҳашиш) ба назар мерасад.