Зокирзода гуфт, дар зудтарин фурсат хонаҳои тахрибшуда аз заминҷунбӣ бунёд мегарданд

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо сокинони зиёндида аз заминларзаи субҳи 10-уми июли соли равон дар шарқи кишвар мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Раиси парлумони Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои Бӯстон, собиқ деҳаи Кӯли боло, Сари чашма, Кӯли калони ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ва мардуми зарардидаи ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуда, изҳор дошт, ки дар кӯтоҳтарин муддат манзилҳои зарардида барқарор мегарданд.
Тибқи иттилои “Ховар” феълан зарардидагон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хайма ва хӯроки гарм таъмин мебошанд.
“Кумакҳои аз ҷониби ноҳияҳои ҳамсоя ва шахсони саховатпеша воридгардида низ аз тарафи комиссия қабул шуда, ба сокинони зарардида одилона тақсим мегарданд”, - омадааст дар иттилоия.
Ба маълумоти КҲФ, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дасти кам 123 хона, дар навоҳии Рашт 146 манзили сокинонро вайрон намуд. Илова бар ин, дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстони ин ноҳия низ 137 хона зарар диданд, ки аз ин шумора 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд.
Дар ноҳияи Рашт бошад бар асари заминҷунбӣ 146 манзили сокинон хароб гардидаст.
Заминларза дар Тоҷикистон
Раштро шаби гузашта боз ду маротиба заминҷунбӣ такон дод
Шарқи Тоҷикистонро субҳи 10 –уми июл заминларзаи тақрибан 6-баллӣ такон дод, ки дар натиҷа 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аз 4 то 70-сола ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шудаанд.
Ба иттилои мақомот, аз ҷумла дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт 7 сокини ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод бистарӣ гардиданд, ки аз онҳо 4 нафар кӯдак, 2 нафар калонсол ва як нафар духтари наврас мебошад. Мақомот мегӯянд, феълан 5 нафари онҳо аз беморхона мураххас шуда, 2 нафар бо ҷароҳатҳои сабук зери назорати табибон қарор доранд.