Русия парвозҳоро бо чанд кишвар аз сар мегирад

Илова бар он, ки ҳоло Русия бо Фаронса ва Чехия парвозҳоро аз сар мегирад, шумораи хатсайрҳо ба баъзе кишварҳо низ зиёд карда мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Аз рӯзи ҷумъаи оянда, 24 июл, Русия ҳаракати ҳавопаймоҳоро бо чанд кишвари Аврупо якбора аз сар мегирад.
Тибқи иттилои ситоди фаврии мубориза бо коронавирус, Русия фазояшро бо Фаронса ва Ҷумҳурии Чех боз мекунад. Парвозҳо байни пойтахтҳо ҳафтае аз ду то чор маротиба анҷом дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, парвозҳо дар хатсайрҳои Москва - Париж ва Москва - Нитса (дар ҳар як масир ҳафтае чаҳор парвоз), инчунин Санкт-Петербург - Париж ва Санкт-Петербург - Нитса (ду парвоз дар ҳар як масир) сурат мегиранд.
Маҳдудияти парвозӣ аз Эрон ба 39 кишвар: Тоҷикистон дар феҳрист қарор дорад?
Парвозҳо аз Маскав ба Прага ҳафтае чаҳор маротиба анҷом дода мешаванд.
Илова бар ин, маълум аст, ки шумораи парвозҳо бо Австрия, Белгия, Булғористон, Маҷористон, Юнон, Лубнон, Хорватия, Эфиопия зиёд карда мешавад.
Парвозҳои хориҷӣ инчунин аз фурудгоҳҳои байналмилалии Архангелск, Новокузнеск ва Орск аз сар гирифта мешаванд.
Инчунин хабар дода мешавад, ки тасмими барқарор кардани парвозҳо ба шаҳрҳои Хургада ва Шарм-аш-Шайхи Миср пас аз сафари ҳайати Русия ба Миср гирифта хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, моҳи июли соли 2021, президенти Русия Владимир Путин фармони соли 2015-ро дар бораи манъи парвози чартерӣ ба осоишгоҳҳои Миср бекор кард.