ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Барои мубодилаи таҷриба пизишки варзидаи рус Зайтсев Адрей Алексеевич ба Душанбе омад.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мутахассиси варзидаи рус, терапевт Зайтсев Андрей Алексеевич давоми чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор дорад.
Ӯ ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус табобат мегиранд, бо мутахассисони тоҷик оид ба табобати бемории мазкур табодули таҷриба менамояд.
Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 3 тан аз вируси карона ҳалок шудаву 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор шудааст.
Ҳамчунин 28 нафар пас аз муоилиҷа ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.