Орди гаронтарин дар ВМКБ фурӯхта мешавад: як халта 265 сомонӣ арзиш дорад

Аз тамоми вилоят ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон гаронтарин арзиши орд дар ВМКБ аст. Дар ҳоле, ки сокинони ин минтақа шароити хуби иқтисодӣ надоранд ва на ҳамагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нархи як халта орд дар ВМКБ, 235 - 265 сомонӣ аст, гуфт Сафаралӣ Қурбонзода муовини якуми Хадамоти зиддиинҳисорӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ба таъкиди ӯ, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 20,2 ҳазор тонна орд воридкгарда шуд, ки ҳаҷми маблағи орди воридгардида 5,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аммо ба фарқ аз соли гузашта, имсол ҳудуди 27,3 ҳазор тонна орд камтар ба мамлакат ворид гардидааст, зикр намуд Қурбонзода.
Кумаки башардӯстона: Қазоқистон 10 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ирсол намуд
Намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин ҳаҷми маблағи орди фурӯшӣ дар вилоятҳоро номбар кард ва дақиқ шуд, ки гаронтарин орд дар ВМКБ фурӯхта мешавад.
Ба изҳори Қурбонзода, арзиши як халтаи орди навъи якум дар пойтахт то 250, Суғд - 220 ва сокинони вилояти Хатлон як халта ордро бо нархи 235 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Гузашта аз ин, Қурбонзода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоно аз рӯи содироти орд ба Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад. Ҳудуди 98,8 фоизи орди воридотӣ маҳз ба ин ҷумҳурӣ рост меояд. Дар зинаи баъди Русия қарор дорад ва ҳиссаи ин кишвар ба 1,2 дарсад баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли ватании орд ҳам имсол афзоиш ёфта, ба 369,2 ҳазор тонна расидааст.