Нигаронии Созмони Милали Муттаҳид аз нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон

Ҳайати муованати СММ дар умури Афғонистон (UNAMA) гузоришҳои ҷадид дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар саросари Афғонистон бинобар афзоиши ҳамлаҳои низомӣ нигаронкунанда хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, UNAMA ахиран бо пахши як баёнияе гуфта аст, ки гузоришҳо марбут ба қатл, бадрафторӣ, азору азият ва табъизи густарда дар Афғонистон боиси тарсу ҳарос ва ноамнӣ шудааст ва ба афоде, ки чунин амалкардеро анҷом медиҳанд бояд посухгӯ бошанд.
Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардааст, ки мардуми Афғонистон ба вижа занон дар гузашта мавриди табъизи шадид қарор гиритаанд. Аз ин рӯ тарафҳо вазифадор ҳастанд то ба ҳуқуқи башар ва каромати мардуми Афғонистон ба вижа занону духтарон эҳтиром бигзоранд.
Кобулов: ДИИШ* метавонад аз бесарусомонии ҷанг дар шимоли Афғонистон истифода кунад
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран СММ таъкид дошт, ки Афғонистон ба фоҷеаи башаврӣ наздик шудааст.

"Аз моҳи январи соли 2021, бо сабаби ноамнӣ ва хушунат беш аз 270 ҳазор афғонҳо ба муҳоҷирони нави дохилӣ табдил ёфтанд. Ҳоло шумораи умумии муҳоҷирони дохилӣ ба беш аз 3,5 миллион нафар расидааст. Бад шудани вазъи имниятӣ боиси кӯч додани оилаҳо шудааст, ки ҳафтаҳои охир шоҳиди он будем", - гуфт сухангӯи Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон Бабар Баллох.

Ба гуфтаи вай, Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар бораи тамаъҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриҳукуматӣ ва дар бораи мавҷудияти маводи таркандаи худсохт дар роҳҳои асосӣ маълумот дорад.
Вай қайд кард, ки СММ аз пушти иштироки Толибонро * дар ҷангҳои кишвар бо нигаронӣ назорат дорад, аммо бо итминон гуфтан душвор аст, ки пушти ин ҳама кор чӣ бошад.
Тибқи иттилои СММ дар Афғонистон, шумораи қурбониёни мардуми осоишта дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба соли 2020-ум 29 дарсад афзоиш ёфтааст. Миёни қурбониёни ҷанг шумори зиёди занону кӯдакон дида мешавад.