Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Коронавирус профессор Саъдулло Исломовро ҳам кушт

Фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи маъумоти расмӣ, ҳамарӯза қариб то ду ё се нафар қурбони ин дард мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Субҳи рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон Саъдулло Исломов, профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ даргузашт.
Хабари марги донишманди тоҷикро, Академияи милли илмҳои Тоҷикистон таъйид намуд.
Манбаъ меафзояд, иллати марги Исломов ҳам бемории коронавирус аст.
Саъдулло Исломов собиқ директори Институти демографияи АМИТ ва ҳамзамон узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Марҳум 78 сол дошт.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии Исломов иқтисодиёт, демография ва сотсиология буд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбоналӣ Раҳмон пас аз чанд рӯзи "набард" бо коронавирус даргузашт
Ӯ солҳои 70 - ум дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Госплани Тоҷикистон кор карда, солҳои 1991 -1998 мудири кафедраи назарияи иқтисоӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии ДМТ буд.
Ҳамчунин, марҳум солҳои 2002-2020 роҳбари Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳо буд.
Раёсати Академия Саъдулло Исломовро яке аз бунёдгузорони мактаби демографии Тоҷикистон ном бурдааст