Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавт аз коронавирус дар ҷаҳон афзуд

Давоми чор ҳафтаи ахир сатҳи мубталошавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст. Илова бар ин маргу мир низ афзуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазъи коронавирус дар ҷаҳон нигаронкунанда шудааст. Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус мегӯяд, давоми чор ҳафтаи ахир сатҳи мубталошавӣ ба ин дард дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
"Илова бар ин маргу мир ҳам аз коронавирус пас аз даҳ ҳафтаи ахир боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст", - таъкид намудааст Гебрейесус.
Манобеи РИА Новости аз қавли роҳбари СҶБ менависад, ки ҷаҳон дар пешорӯи вазъи вахими коронавирус қарор дорад.
Ҳамин тариқ, роҳбари СҶБ зикр намудааст, ки вазъи феълӣ ба иқтисоди ҷаҳон латмаи ҷиддӣ ворид мекунад ва ҳамзамон хавфи зиёд ба ҷони инсонро дорад.
Номбурда, аз ҷумла аз вазъи кишварҳое изҳори нигаронӣ намуд, ки дастрасӣ ба ваксин камтар доранд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишки варзидаи рус барои табобати беморони COVID ба Душанбе омад
Ӯ қайд намуд, ки ваксин агарчӣ сад фисад пеши роҳи сироятшавиро нагирад ҳам, аммо дар сурати гирифтор шудан ба коронавирус пас аз гирифтани ваксин, ҷараёни беморӣ сабуктар хоҳад гузашт.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 21 июл мавҷи дуюми коронавирус фаро расид.
Бори нахуст бурузи ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 30 апрели соли гузашта ба қайд гирифта шуд.