ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар "Ширкати алюминии тоҷик" ҷинояти дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз корхонаи мазкур 11 ҳазор кило оҳанпора дузди шудааст.
Зимнан, пас аз анҷом додани корҳои тафтишотӣ, кормандони милиса ду муттаҳам дар содир намудани ин ҷиноятро боздошт карданд.
Ҳар ду боздоштшудаҳо кормандони 41 ва 36 - солаи "Ширкати алюминии тоҷик" мебошанд, ки яке сокини Ҳисор ва дигаре аз шаҳри Турсунзода аст.
"Номбурдагон, нисфирӯзи 30 июн, тақрибан соати 14:00 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ бо воситаи автомашинаи хизматии "Камаз", ки ба ин корхона тааллуқ дорад, 11 000 кило оҳанпораро дуздидаанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, бо ин амали худ гумонбарон ба корхонаи мазкур 17 380 сомонӣ зарар расонданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.