Дар Чин меҳмонхона фурӯ рафту 17 нафар ҷон бохтанд - навор

Дар шаҳри Сучжоуи Чин бинои як меҳмонхона фурӯ рафт, ки дар натиҷа 23 нафар зери харобаҳо дармонданд. Аз ҷумла 17 нафар кушта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бинои як меҳмонхона дар шаҳри Сучжоуи Чин фурӯ рафт, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, аснои фурӯ рафтани меҳмонхона 23 нафар зери харобаҳо қарор гирифтанд. Аз ин миён 17 нафар кушта шуданду панҷ тан бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодисаи нохуш танҳо як нафар ҷон ба саломат бурд.
Ҳоло корҳои ҷустуҷӯи анҷом ёфтанд ва омили фурӯ рафтани меҳмонхона ба таъмири беиҷозат рабт дода мешавад.
Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ ва харобшавии манзилҳо - мақомот чӣ кумак мекунанд?
Ҳоло як гурӯҳи махсус созмон ёфтааст, ки тафсилоти пурраи ин ҳодисаро тафтишу дақиқ мекунад.