То нимаи моҳи июл беш аз 95% сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд, гуфт президенти ИМА Ҷо Байден.
Дар пасманзари хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз ҷумҳурӣ, ҳаракати радикалии Толибон* (дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) ҳуҷумро шадидтар мекунад.
Нерӯҳои ҳукуматии кишвар кӯшиш доранд, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунанд, аммо, бино ба иттилои расмӣ, аз 398 шаҳристон беш аз 200 шаҳр зери назорати Толибон қарор гирифтааст.
Ҷангҳои шадид дар байни низомиёни афғон ва Толибон* дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон сурат гирифтанд.
Кадом минтақаҳо таҳти назорати Толибон* қарор гирифтанд - аз тасвирбаёни РИА Новости тамошо кунед.
* ҳаракати эктремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия