Занозании 200 муҳоҷир дар Маскав: бархе боздошт шуданду бархе захмӣ

Беш аз 100 муҳоҷир дар ҷанубу шарқи Маскав бетартибӣ кардаанд: бархе боздошт шуданду бархе захм бардоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар наздикии метрои "Кузминки" миёни муҳоҷирон ҷанҷол шудааст, хабар медиҳад ВКД Маскав.
Гуфта мешавад, ки ин воқеъа шаби 13 июл дар кӯчаи Зеленодолский рух додааст. Бино ба гузориш дар ин занозанӣ аз 50 то 200 нафар даст доштааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни ҷанҷол муҳоҷирон ба роҳҳо баромада барои ҳаракати мошинҳо ва одамон монеа эҷод кардаанд.
Боздошти як ҷавони тоҷик дар пайи занозанӣ бо “скинхед” - ҳо – видео
Тибқи иттилои манбаъ, наздики 20 нафари онҳо боздошт ва ба полис супурда шудаанд.
Мақомоти тандурустии шаҳр хабар дода, ки дар паи ин ҳодиса чанд нафар захми корд бардоштааст ва онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Тахмин меравад, ки ин ҳодиса "дар асоси хусумати шахсӣ" рух дода бошад.
Тибқи иттилои манбаъ ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон сар задааст.
Занозании тоҷикону қирғизҳо дар Маскав: гуруҳе дар беморхонаю бархе дар пулис
Баъзе расонаҳо менависанд, ки зодагони Тоҷикистон низ дар ин муноқиша ширкат кардаанд.
Феълан сабаби дақиқи муноқиша таҳқиқ мешавад.