Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъ нигаронкунанда аст? омодасозии ҳазор кати табобатӣ барои беморони COVID-19 дар Суғд

Дар шаҳру навоҳии Суғд, барои муоина ва табобати бемории коронавирус беш аз ҳазор кат дуруст карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Ин нуктаро Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд таъкид намуд.
Бино ба гуфти ин масъули Идораи тандурустӣ бахши умдаи чунин катҳо табобатӣ барои бемории “вируси корона” дар заминаи се Бемористони касалиҳои сирояткунанда ва Шифохонаи клиникавии № 3 воқеъ дар ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фароҳам карда шудааст.
“Ҳоло ҳама шуъбаҳои сироятие, ки дар заминаи беморхонаҳои марказӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияткунанда барои бистарикунонии гирифторони коронавирус омода карда шудаанд”, - гуфт Ҳоҷибоев.
Муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд афзуд, табибоне, ки ҳоло дар чунин шуъба ва бемористонҳо дар шаҳру навоҳии Суғд амал мекунанд, дар самти муоина ва табобати COVID – 19 таҷрибаи беш аз як солаи корро доранд.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки табибон тибқи нашри Протоколи клиникӣ оид ба муоина ва табобат, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шудааст ба табобати коронавирус амал мекунанд.
Маъруф Ҳоҷибоев, аз посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи омори сироятёбӣ ба бемории коронавирус дар мисоли вилояти Суғд худдорӣ варзид.
Ҷанозаи “хос”-и Шералӣ Абдулқайсов: видоъ зери нолаи дафу рубоб ва рақс – видео
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави мубталошавӣ ба вируси COVID - 19 сабт карда шуд. Илова бар ин, вазорат аз ҷон бохтани як бемор ва шифо ёфтани 18 нафари дигар хабар додааст.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 868 ҳолат баробар шуд, ки аз ин миён 13 553 нафар комилан шифо ёфтаанд. Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин беморӣ ба 104 нафар баробар шуд. Бино ба маълумоти расмӣ, вируси COVID - 19 аз 21 июни соли ҷорӣ дубора Тоҷикистонро домангир шуд.
Ба маълумоти расмӣ, вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд.