Сели мудҳиш дар Намангон ҷони ҳашт касро гирифт - акс

Дар паи офати табиӣ дар Намангон ҳашт кас ҷон бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Қасансойи вилояти Намангон, як сели пуриқтидор фаромад, ки дар натиҷаи тӯфон ба вуҷуд омадааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Тибқи иттилои ин ниҳод, офати табиӣ, имрӯз соати 13.30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Ба гуфти шоҳидони ҳол, сели шадид чанд сокини русторо бурдааст.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, дар натиҷаи офати табиӣ ҳашт нафар кушта ва шаш кас маҷрӯҳ шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир, дар ҷои ҳодиса, кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва вазорати корҳои дохилӣ корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро идома медиҳанд.
Сильный сель сошел в Касансае
Деҳаҳои холиву хонаҳои вайрон: натиҷаи заминҷунбии шадид дар Тоҷикобод- акс
Дар Рӯшони ВМКБ сел омад: чандин хона тахриб шудааст
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ноҳияи Рӯшон низ сел омада буд. Хушбахтона ин сел талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале офати табиӣ, ки рӯзи 11 май дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ рух дода буд, зиёни зиёди молию ҷонӣ дошт.
Бар асари фаромадани сел, дасти кам 9 нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Тоҷикистон зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 4 миллион доллар арзёбӣ карданд.
Ҳоло як қатор сокиноне, ки комилан манзилҳои худро аз даст доданд, бо хона таъмин гардиданд ва сохтмони манзилҳо барои боқиманда зарардидаҳо идома дорад.