ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи Холов Изатулло, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар бо номи Иззат Амон маъруф аст, ба мақомот тайи солҳои 2014 - 2020 ҳудуди 12 шаҳрванд муроҷиат кардаанд.
Манбаъ аз қавли муроҷиаткунандагон афзуд, ки Холов барои ҳимояи ҳуқуқӣ, бекор кардани депортатсия ва ғайра маблағ гирифта, онҳоро аз худ мекардааст. Додситонӣ зарари расондаи Иззат Амонро дар 12 ҳолат, 630 ҳазор рубли русӣ ва 1 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта, таъкид намуд, ки то ҳол танҳо зарар ба як нафар дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл барқарор шудааст.
Масъули додситонӣ илова намуд, ки алайҳи Холов моҳи марти соли равон парвандаи ҷиноӣ барои қаллобӣ ифтитоҳ гардида, феълан таҳқиқи он идома дорад.
Хабарҳои "нопадид шудан", "рабуда шудан" ва "боздошт шудан"-и Иззат Амон 25 марти соли равон расонаӣ шуда буданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон охири моҳи март аз дастгир ва ҳабс шудани Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе хабар дода, афзуд, ки ӯ пас аз ихроҷаш аз Русия дастгир шуд.
"Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия, Холов Изатулло Амонович, соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз Русия ронда шуд", - навишта буд ВКД Тоҷикистон.
Аммо худи Иззат Амон дар як наворе, ки зоҳиран дар арафаи боздошташ сабт кардааст, изҳор медорад, ки соли 1996 шаҳрвандии Русияро гирифта, соли 2000-ум барои кору иқомат ба ин кишвар кӯчидааст. Ӯ мегӯяд, Академияи дипломатии Русияро соли 2009 бо дипломи сурх хатм намуда, дар Академияи хизмати давлатии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Русия соли 2013-ум унвони номзадии илми ҳуқуқро ҳимоя кардааст.
Дар навор вай инчунин аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳаш дар Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ба эҳтимоли зиёд ба ин кишвар истирдод мешавад. Ӯ аз роҳбарияти Русия хостааст, ки барои барқарор кардани шаҳрвандияш ва бозгардонданаш ба Русия ба ӯ кумак намояд.