Пулиси Маскав аз занозании оммавии муҳоҷирон огоҳ буд

Шахси номаълум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занг зада аз омодагӣ ба муноқишаи оммавии муҳоҷирон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Пеш аз занозании оммавии муҳоҷирон дар Кузминки, шахси номаълум ба пулис занг зада, дар бораи муноқиша хабар додааст. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба як манбаъи интизомӣ хабар дод.
"12 июл, тахминан соати 19.44 ба Раёсати корҳои дохилӣ дар метро паём омад, ки зодагони Осиёи Марказӣ, тахминан 200-400 нафар, дар назди истгоҳи метрои Кузминки ба ҷанг омода мешаванд", - гуфт мусоҳиб.
Ба гуфти ӯ, шахсе, ки ба пулис муроҷиат кардааст, аз муаррифии худ худдорӣ намудааст.
Занозании 200 муҳоҷир дар Маскав: бархе боздошт шуданду бархе захмӣ
Ношинос фаҳмондаст, ки ин маълумотро дар яке аз чатҳои гурӯҳӣ дар WhatsApp гирифтааст, ки аввал ӯро ба он ҳамрҳ, аммо баъд удалит кардаанд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ фавран пас аз ин занг истгоҳи метро ва манотиқи атрофи онро аз назар гузарониданд, аммо нишонае аз ҷамъшавии оммавии одамон наёфтаанд.
Фарзияи нави занозании муҳоҷирон дар "Кузминки": ду қирғизро тоҷикон корд заданд - навор
Вале, низоъ дар истгоҳи метрои Кузминки шабона рух дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҷанг зодагони Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат кардаанд. Дар натиҷаи занозанӣ 102 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ боздошт шуданд.