Ҷанозаи “хос”-и Шералӣ Абдулқайсов: видоъ зери нолаи дафу рубоб ва рақс – видео

Маросими ҷанозаи Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон дар зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон зери нолаи дафу рубоб баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Маросими видоъ бо Шералӣ Абдулқайсов бо шеваи хоси исмоилиёни бархе аз манотиқи ВМКБ баргузор гардида, навори қисмате аз онро рӯзноманигор ва шореҳи фарҳангӣ, Зеваршоҳи Муҳаммад дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст.
Чун анъана, ки садсолаҳо таърих дорад, дар маросими ҷанозаи сокинони Рӯшон баробари ояҳо аз Қуръони маҷид инчунин мадҳия ё худ мадоҳои хоси фалсафӣ зери зарби хоси доираю рубоб хонда мешаванд, ки ба гузарон будани дунё ва фалсафаи маргу зиндагӣ таъкид мекунанд.
Рақси “само” низ аз оинҳои хоси ҷанозаҳо дар бархе навоҳии ВМКБ мебошад. Ин рақси мотамӣ чархзании маънодорест, ки одатан дастон дар он аз китф боло бардошта намешаванд.
Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон рӯзи 12 июл дар синни 70 - солагӣ дар бемористон дар шаҳри Душанбе даргузашт. Иллати марги ин ҳунарманд, бемории коронавирус гуфта мешавад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз марги ҳунарманди номӣ изҳори андуҳ карда, ба пайвандону ҳаводорони ин марди ҳунар ҳамдардии амиқ баён намуд.
Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намуда, ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр дар ин театр фаълолият мекард.