Деҳаҳои холиву хонаҳои вайрон: натиҷаи заминҷунбии шадид дар Тоҷикобод- акс

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовари 10 июл дар минтақаи Тоҷикободро идома медиҳад
Sputnik
1 / 10

Кумаки модди ба афроде, ки дар пайи зилзила бесарпаноҳ монданд

2 / 10

Наҷотбахшон даҳҳо хаймаҳои муваққатӣ сохтаанд, ки то ҳалли масъалаи манзил зарардидагон дар онҳо бимонанд

3 / 10

Дар маҷмӯъ, беш аз 20 хона ва биноҳои шафати он осеб дида, мардум ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.

4 / 10

Заминларзаи шашбаллӣ хонаҳоро ба маънои том хароб кард: деворҳо ва сақфҳо фурӯ рехтанд.

5 / 10

Илова бар ин, заминҷунбӣ ҷони панҷ сокини маҳаллии Лангари Шоҳро гирифт, боз ду кӯдаки дигар ҳангоми харобшавӣ маҷрӯҳ шуданд ва ҳоло дар беморхонаи Тоҷикобод бистариянд.

6 / 10

Илова бар ҷамоати Лангари Шоҳ, деҳаҳои ҷамоати Ҳиҷборак ва Аскалони минтақаи Рашт низ осеб дидаанд.

7 / 10

Дар Лангари Шоҳ дар маҷмӯъ 29 хона осеб дидаанд: ҳафт хонаи пурра хароб, 10 хона қисман ва боқимондаҳо зарар дидаанд.

8 / 10

Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир маводи ниёзи аввалия ба зарардидагон таъмин аст.

9 / 10

Дар ҷамоати Ҳиҷборак 92 хона осеб дидааст: 14 хонаи комилан ва 11 хонаи дигар қисман хароб шудааст.

10 / 10

Рӯзи сеюм аст, ки мақомот ҳисоб кардани зарари заминларзаи харобиоварро идома медиҳанд.