ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ба иттилои вазорат, баъди таҷдиди пурра тавоноии умумии ин се неругоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрӯза ба андозаи 374 МВт. афзоиш хоҳад ёфт.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки вазорат фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об тақвият бахшидааст.
Аз ҷумла, 12 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика, аз қабили “Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000”, “Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ”, “Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ”, “Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон”, “Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика” , “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ”, “Барномаи дастгирии ҷомеаҳо”, “Электрофикатсияи деҳот” ва “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит” дар марҳилаи татбиқ қарор доранд.
Гуфта шудааст, ки дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1,3 млрд. доллар маблағ ҷалб карда шудааст.
Вазир илова кард, ки татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаҳои “Сохтмони Неругоҳи барқи обии Себзор”, “Электрофикатсияи деҳот”, “Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон”– марҳилаи 1, “Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон” – марҳилаи 2 “Марҳилаи ҳафтуми лоиҳаи Шуғнон ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи неруи барқ”, лоиҳаи “Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ барои пайвасткунии Дарвоз-Ванҷ ба шабакаҳои асосии ширкати Помир Энерҷӣ”, Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир, марҳилаи 3 бо маблағи умумии 96,9 млн. доллар идома дорад.