Натиҷаҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон: "Эсхата" ба ҷои дуюм баргашт

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаи бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаҳои олӣ хабар дод, ки рӯзҳои 10-11 июл баргузор шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, тими “Равшан” дар сафар бар дастаи “Хатлон” ва “Хуҷанд” дар майдони худ бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.
Голи дастаи “Равшан” - ро Анвар Муродов, голи тими “Хуҷанд”-ро Абдулмуъмин Забиров ба номашон сабт карданд, хабар додааст Кумита.
Манбаъ афзуд, се бозии дигари давр 11 июл доир гардиданд. “Эсхата” дар майдони худ тими “Файзканд”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов зад. Пас аз ин ғалаба “Эсхата” ба ҷои дуюми ҷадвал баромад.
Аз Эрдуғон то Бэкхем: мансабдорони воломақом, ки ба тамошои футбол омаданд
Дар бозии дигар “Душанбе” бар тими “Куктош” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари тими “Куктош” Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд.

Бозӣ миёни КМВА – “Истиқлол” бидуни гол (0:0) анҷом ёфт. Рӯзи 14 июл бозии мавқуфмондаи даври 4-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” сурат мегирад ва сипас то 7 август дастаҳои лигаи олӣ ба танаффус мераванд.

Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 7- 8 август баргузор мешаванд. Дар ин давр КМВА бо “Хатлон”, “Истаравшан” бо “Эсхата”, “Истиқлол” бо “Файзканд”, “Куктош” бо “Хуҷанд” ва “Равшан” бо “Душанбе” вомехӯранд.