ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ӯ ҳамсари табибди шинохта Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик буд, ки пас аз 10 рӯзи марги завҷааш даргузашт.
Дар ин бора Михаил Патрушков, яке аз наздикони марҳум дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, полковник Ғанихон Тӯраев қаблан сардори Раёсати Қӯшунҳои муҳандисии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон буда, дар гузашта ҳамчун сапёри аршади Вазорати мудофиа, дар солҳои ҷанг ҷони зиёд инсонҳоро наҷот дода, шахсан тақрибан 50 таркиш ва ҳамлаҳои террористиро дар солҳои муқовимат танҳо дар Душанберо пешгирӣ кардааст.
Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 11 июн дар синна 69 - солагӣ пас аз сактаи мағзӣ (инсулт) аз олам даргузашт.
Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум дар хонааш воқеъ дар маҳаллаи "Домпечат" имрӯз соати 11:30 доир мешавад ва ӯро дар қабристони Сари Осиё ба хок хоҳанд супорид.
Ёдовар мешавем, Фарида Мансурова пизишки номии тоҷик, корманди илмӣ, собиқ муовини мудири Институти илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон, узви Академияи миллии улуми Тоҷикистон, корманди лабораторияҳои Маркази биология ва тибби амалӣ ва завҷаи Тюряев Ганихон санаи 1 июл фавтида буд.
Тавре як манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мансурова дар пайи сироятёбӣ аз COVID-19 фавтид.
Мансурова дар Самарқанд дар оилаи табиб таваллуд шудааст, духтари академик Ҳамид Мансуров ва Ирина Мансурова аст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад.
Солҳои 1977-1982 корманди илмии кафедраи биохимияи тибби Институти илмии гастроэнтерология буд; аз соли 1982 сар карда, то моҳи январи соли 2002, вазифаи роҳбари кафедраи биохимияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро адо мекард.
Соли 1984 кори илмии худро дар Академияи ба номи Сеченови Москва дифоъ намудааст. Соли 1998 дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Аз 1 феврали соли 2002 вай ба ҳайси муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерология хидмат намуда, дар ин вазифа то соли 2010 мемонад.
Аз соли 2010 дар лабораторияи Маркази биология ва тибби амалӣ ба кор мекард.
Мансурова, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар тӯли фаъолияти худ понздаҳ асар ва дар маҷмӯъ зиёда аз 235 асари илмӣ, аз ҷумла се монография нашр кардааст.