ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон танҳо 47 дар сади аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд, хабар дод муовини вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода.
"Мутаассифона, феълан 47 дар сади аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд. Дар дигар қисмати деҳот низ дастрасӣ ба об ҳаст, аммо дар сатҳи оби нӯшокӣ не", - таъкид кард вай.
Шоимзода ёдрас шуд, ки дар Тоҷикистон 60 дар сади захираҳои обии Осиёи Миёна мавҷуданд.
Муовини вазир афзуд, феълан дар кишвар барномаи ислоҳоти обӣ то соли 2030 тарҳрезӣ мешавад.
Он ҳалли мушкилии обиеро, ки дар кишвар ба назар мерасад, пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Ҷамшед Шоимзода, новобаста аз захираҳои обӣ, як қатор омилҳое ҳастанд, ки таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ садди роҳ мешаванд. Релеф ва сармоя аз ҷумлаи онҳо мебошанд.