"Занат хиёнаткор, лаънат бар ин тиҷорат": суҳбати Макгрегор ва Поре пас аз рақобат - видео

Поре гуфт, Макгрегор пеш аз рақобат бисёр сафсатагӯӣ мекард ва ба чунин ҳол афтод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Шабакаи UFC Russia дар YouTube фавран пас аз мубориза мусоҳибаҳои кӯтоҳ бо Дастин Поре ва Конор Макрегорро нашр кард.
Набарди варзишкори амрикоӣ ва ирландӣ дер давом накард. Дар дақиқаҳои охири даври аввал Конор пешпо хӯрд ва пояшро шикаст. Азбаски табибон ба ӯ иҷозати идомаи вохӯриро надоданд, ғалаба ба Поре дода шуд.
Поре дар мусоҳиба гуфт, ки Макрегор пас аз муҳофизаташ аз лоукики ҳариф аз пояш лат хӯрд. Ӯ бовар дорад, ки ин кор пеш аз ба охир расидани даври аввал иттифоқ афтод.
"Бешубҳа бо ин зарба устухони по лат хӯрд. Ман чизе ҳис кардам, зеро ӯ сахт мезад. Ӯ боз пояшро ба зарба тоб дод ва он шикаст. Ин бача дар бораи куштор дар октагон мегуфт, ки маро дар тобут мебардоранд ... Ингуна суханонро гуфтан шарт нест, ман орзу мекунам, ки ӯ сиҳату саломат ба назди оилааш баргардад", - гуфт Поре.
Муборизи амрикоӣ гуфт, ин рақобат ба фоидаи ӯ буд.
"Бале, вай маро бо як суръати тез мезад, ба мисли замони гузашта - ман ӯро надидам. Вай маро такон дод, аммо пойҳоям дар ҷояш буданд, тейкдаунҳо осон гузаштанд. Вай ангуштони худро ба дастпӯшакҳои ман ворид карда, маро ба зер кашид, ман дар бораи ин довар гуфтам. Ин палидӣ буд ", - гуфт варзишгар.
Пои Макгрегор шикаст: Чӣ тавр Поре Конорро мағлуб кард
Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё аз ин натиҷаи рақобат розӣ ҳаст ё не, ӯ посух дод, ки "карма бармегардад".
"Ин бача бисёр сафсата мегуфт ва ман сахт меҳнат мекардам. Чунин мешавад. Ман ӯро латукӯб кардам", - гуфт Поре дар хулосаи мусоҳиба.
Макрегор гуфт, ки муборизаи имрӯза анҷоми кор нест.
"Ман ӯро муштборон кардам, пояшро шикастам ва ӯ, маъмулан, ҷаҳида, масофа меҷӯст ... Ин охири кор нест! Агар лозим шавад, ман берун аз октагон корашро тамом мекунам, ба ман фарқ надорад. Вай ягон зарбаи маро манъ накард", - гуфт Макгрегор.
Конор афзуд, ки устухонаш шикаст ва ба ҳамин ҳол ҳам ӯ тавонист ба пой хезад.
Поре Макгрегорро шикаст дод
"Чизе рух дод... Ин тиҷорати девона аст. Лаънат бар ин тиҷорат", - гуфт мубориз.
Инчунин, Макрегор, пас аз ҷанг, бо пойи шикаста дар болои октагон нишаста, дар бораи гуиё хиёнати ҳамсари Поре гап зад, ки боиси ғазаби варзишкори амрикоӣ шуд, аммо ӯро нагузоштанд, ки ба Конор наздик шавад.