Собянин: Маскав авҷи бемории коронавирусро пушти сар кард

Шаҳрдори Маскав таъкид доштааст, ки Маскав авҷи бемории коронавирусро паси сар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Сергей Собянин, шаҳрдори пойтахти Русия ахиран дар барномаи шабакаи телевизионии Россия 1 хабар дод, ки вазъ дар пойтахт мӯътадил гашта, коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба вируси корона мушоҳида шудааст.
Ҳамзамон, шаҳрдор қайд кард, ки "Маскав, албатта, рӯзҳои хеле душворро аз сар мегузаронад".
Собянин ба савол дар бораи таъсири пандемия ба нақшаҳои рушди шаҳр посух дода, итминон дод, ки имсол "тамоми барномаҳои шаҳр мувофиқи нақша амал мешаванд".
Ташкили маркази калони ваксинзании муҳоҷирон дар Маскав
Ахиран Сергей Собянин дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав дар шаҳри Маскавро низ тавзеҳ дод. Ба гуфтаи вай ин ҳолат танҳо дар сурате ҷорӣ мешавад, ки корхонаҳои пойтахт талаботи ваксинзани аз коронавирусро иҷро накунанд. Корхонаҳо бояд то 60 фоизи кормандонашонро ваксина зананд. Вай таъкид кард, ки агар талаботи ваксиназании ҳатмии кормандон иҷро нашавад, маҳдудиятҳо аввал ба ташкилотҳои соҳаи савдо, хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ ҷорӣ карда мешавад. Собянин ёдовар шуд, ки дар ин бора на танҳо шаҳр, балки роҳбарони ширкатҳо низ бояд масъулиятнок бошанд.
Қаблан Собянин дар бораи суръати ваксиназанӣ алайҳи коронавирус дар Маскав ҳарф зада буд. Вай қайд кард, ки аҳолии шаҳр барои ваксиназанӣ масъулияти бештар пайдо карданд ва дар Маскав ҳар рӯз тақрибан 100 ҳазор нафар ваксина мегиранд.