ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Мубориза байни Конор МакГрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ дар доираи мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи UFC 264 баргузор шуд.
Вохӯрии ҷангиён рӯйдоди асосии сол буд. Муборизаи Макгрегор ва Поре ин бор низ бо мағлубияти Макгрегор анҷом ёфт.
Ин рақобати сеюми миёни ин ду варзишкор буд.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.