Пас аз ғарқшавиии 4 хонанда дар Сирдарё, директори мактаби Истаравшан "бедарак" шудааст

Хабари ғарқшавии чаҳор хонандаи ҳамсафараш, дар Сирдарё, Сайриддин Юсупов, директори мактаби № 60 деҳаи Ниҷонии Истаравшанро ҳайратзада кард. Рухдоди ин ҳодисаи мудҳиш Юсуповро дар ҳолати беҳушӣ қарор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Рухдоди ин ҳодисаи мудҳиш Раёсати маорифи шаҳри Истаравшанро такон дод. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ он рӯз ҳудуди 20 хонандаи синфҳои 6 ва 9 и МТМУ № 60 ҳамроҳи ду омӯзгор ва мудири мактаб барои саёҳат ба Наврӯзгоҳи Хуҷанд рафтаанд.
Аммо ғойиб аз чашми мудир ва муаллимон хонандаҳо дар Сирдарё ба шиноварӣ машғул шудаанд. Дар пайи оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ Каримов Садриддин, Мамадшоев Аслибек, Каримқулов Бахтиёр ва Хидириов Лазизбек ба коми Сирдаё дарафтода, ғарқ шудаанд.
Сокинони Ниҷонии Истаравшан аз марги чор наврас дар як рӯз хун мегирянд
Аз шунидани хабари ғарқшавии хонандаҳо Сайриддин Юсупов, мудири мактаб дар Наврӯзгоҳи Хуҷанд дар ҳолати кома қарор гирифтааст.
Бо кумаки атрофиён ӯро ба Бемористони клиникавии Суғд интиқол дода, бистарӣ кардаанд.
Табибони Шифохона клиникавии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон бистарӣ шудани Юсуповро таъйид намуда гуфтанд, ки баъди чанд лаҳзаи ба ҳуш омадан, ӯ рухсат шудааст.
Аммо, Абдурашид Хоҷаназаров, раиси ҷамоати Ниҷонии Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки бо гузашти се рӯз аз ин рухдод, ҳамоно Юсупов “бедарак” аст ва дар куҷо қарор доштани мудири мактаб маълум нест.
“Чи гуна онҳо ба саёҳат рафтаанду чи хел хонандаҳо пинҳон аз чашми мудир ва муаллим ба дохили Сирдарё даромадаанд, барои мо муаммо аст. Аз рӯзи вуқӯъи ин ҳодиса то ҳоло директорро надидаем, пайиҳам занг мезанем телефонаш хомӯш аст, маълум нест, ки ӯ дар куҷост. Ғарқшавии чор наврас ҷамоатро мотамзада кард”, - гуфт Хоҷаназаров.
Зимнан аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд, нисбати марги хонандаҳои мактаби № 60 и Истаравшан дар Сирдарё парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бегоҳии рӯзи 7 июл ҷасади чаҳор хонандаи мактаб аз Хуҷанд ба Истаравшан интиқол дода шуд.
Каримов Садриддин Субҳонович, Мамадшоев Аслибек Элбекович, Каримқулов Бахтиёр Ҷамолиддинович ва Хидириов Лазизбек Ойбекович, чаҳор хонандаи синфи 9 и МТМУ № 60 Истаравшан буданд, ки ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё ғарқ шуданд.
Рӯзи 8 июл мақомот ҷасади хонандаҳоро, ки тоза синфи 9 ро хатм намуда буданд, ба дасти хонаводаҳояшон доданд ва субҳи ҳамон рӯз ҷанозаи онҳо дар қабристони маҳаллаи Гулистони Ниҷонӣ ба хок супурда шуд.
Фаврӣ: ғарқшавии 4 хонандаи мактаби Истаравшан дар Сирдарё
Бино ба иттилоъи КҲФ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 20 нафар ба ҳисоби ин чор навраси истаравшанӣ ҳангоми оббозӣ дар руду обанборҳои Суғд ғарқ шудаанд.
Ин кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили дарёву кулу обанборҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аксари ҷавонон дар бораи камбуди обоззиҷойҳо дар руду обанборҳои кишвар таъкид мекунанд.
Зимнан дар ду соҳили Сирдарё танҳо ду ҳавзи шиноварӣ фаъол аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегуяд, оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд дорад.