Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар 4 рӯз 24 ҳазор муҳоҷир дар Маскав алайҳи коронавирус эм карда шуд

Ситоди муқобила бар зидди паҳншавии коронавируси Русия маълумот дар бораи эмгузаронии хориҷиён дар Маскавро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Тақрибан 68 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар Маскав алайҳи коронавирус эм карда шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ситоди фаврии назорат ва мониторинги вазъи коронавирус дар Маскав.
Инчунин гузориш дода мешавад, ки танҳо дар давоми чаҳор рӯз пас аз ифтитоҳи бузургтарин маркази эмгузаронӣ дар Лужники, 24 ҳазор хориҷиён эм карда шуданд.
"Маркази ваксинзанӣ омода аст, ҳамарӯза ду маротиба бештар хоҳишмандонро қабул кунад", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи нақшаи эмгузаронӣ, бахшҳои C ва D дар Лужники барои шахсони алоҳида пешбинӣ шудаанд. Дигар даромадгоҳ барои гурӯҳҳои муташаккилонаи коргарони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Шаҳрдори Маскав гуфт муҳоҷирони меҳнатӣ ба ваксинагирӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд
Ситоди марказӣ инчунин қайд мекунад, ки нуқтаҳои эмгузаронӣ дар Лужники ду соат пештар ба кор шурӯъ мекунанд ва ҳар рӯз хоҳишмандонро аз соати 08.00 то 22.00 қабул мекунанд.
Аслан дар ин нуқтаҳои эмгузаронӣ муҳоҷирони меҳнатӣ эм карда мешаванд.
Арзиши ваксина 1300 рубл аст, аммо онро корфармо пардохт мекунад. Эмгузаронии шаҳрвандони хориҷӣ бо ваксинаи яккомпонентии "Sputnik Light", ки дар Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалеӣ таҳия шудааст, сурат мегирад.