Сафири навтаъйини Исроил ба Душанбе омад

Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Зеҳавит Бен Ҳиллел сафири навтаъйини Исроил дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори давлати Исроил дар ҷумҳурии Тоҷикистон Зеҳавит Бен Ҳиллелро қабул кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани нусхаи эътимоднома 9 июл дар Душанбе сурат гирифт.
"Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Исроил табодули назар карданд", - омадааст дар иттилоия.
Сафири Арабистон ба Нозирӣ эътимоднома супурд
Манбаъ афзуд, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафири Исроилро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ комёбиҳо орзу кард.
Қаблан мақомоти Тоҷикистону Исроил масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, илму фарҳанг, тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ карда буданд.
Ҳамчунин ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар чаҳорчӯби СММ ва мубориза ба муқобили терорризми байналмилалӣ баррасӣ гардида буданд, аммо то ҳол созишҳои мушаххасе иттилоъ дода нашудааст.