КҲФ шумораи дақиқи қурбониёни заминҷунбиро эълон кард: 4 кӯдак ҷон бохтанд

Бо гузашти беш аз шаш соат аз заминҷунбии шадид дар Тоҷикистон ҳоло дар мавриди талафоти ҷонӣ омори яксон мавҷуд нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ҳалокати 4 кӯдак хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар мавриди қурбониёни заминҷунбии шадиди Тоҷикистон маълумоти нав пайдо шуд ва онро дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода нашр намуд.
Ба иттилои ин ниҳод, офати табиӣ дар Тоҷикистон ҷони 4 кӯдакро гирифтааст. Дар ҳоле, ки қаблан котиботи роҳбари давлат аз марги 4 нафар хабар дод ва зикр намуд, ки миёни ҷонбохтагон 2 кӯдак низ қарор доштанд.
Гуфта мешавад, бар асари ин офати табиӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона зарар дидаанд.
"Дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод бар асари заминларза 5 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 4 нафари онҳо кӯдакони аз 6 то 12 - сола буданд", - таъкид мешавад дар хабари КҲФ.
Ҳамчунин манбаъ аз ҷароҳатдор шудани ду сокини ноболиғи деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт хабар медиҳад, ки ҳоло дар бемористон қарор доранд.