ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Генерал-лейтенант Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе бо хатмкунандаҳои навтаъйин дар идораи милиса мулоқот кард.
Тибқи иттилои котиботи РВУД Душанбе, Назарзода Шариф Раҳмон мутахассисони ҷавонро ба хушмумилагӣ ва сатҳи баланди фаъолияти хизматӣ даъват намуда, ба такмили илму дониш таъкид намудаст.
“Роҳбарияти милитсияи пойтахт кормандони ҷавонро ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, волоияти қонун ва садоқату дустдории давлату миллати худ даъват намуда, таъкид дошт, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа вазифаи пуршарафу пурмасъулият мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Зикр шудааст, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксари кормандонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи донишу ҷаҳонбинии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Аз ҷавонон, ки худ масъули таъмини тартиботи ҷамъиятию волоияти қонун мебошанд, даъват шудааст, ки худашон намунаи ибрат бошанд.