Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аҳволи Максим беҳ шуд

MakSim ҳамоо зери дастгоҳи наасдиҳии сунъӣ қарор дорад, вале намояндааш аз беҳ шудани овозхон хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазъи саломатии сарояндаи рус MakSim (Марина Абросимова) каме беҳтар шуд, гуфт намояндаи ӯ ба РИА Новости.
"Марина воқеан беҳтар аст ... Такмилҳои ночизе ҳастанд, аммо вазъ ҳанӯз ҳам душвор аст ва ӯ зери дастгоҳ қарор дорад", - гуфт ӯ.
Хабари ба беморхона бистарӣ шудани MakSim бо илтиҳоби шуш дар нимаи моҳи июн маълум шуд.
Баъдтар, бинобар зарари шадиди шуш ва суст будани нафаскашияш ӯро ба комаи сунъӣ ворид карданд ваба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайвастанд.
Бо вуҷуди он ки вазъи ин сарояндаи рус душвор аст, аммо ташхиси ӯ ҳоло ҳам бемор буданаш ба коронавирусро инкор мекунад.