СААД: "Толибон" тамоми манотиқи марзии Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи вижаи СААД арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 Июль - Sputnik. Генерал-полковник Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки СААД дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки "Толибон" (гурӯҳи радикалии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) тақрибан 100% марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат доранд.
"Як моҳ пеш намояндагони "Толибон" ба забти марзи давлатии Афғонистон шурӯъ карданд. То аввали моҳи июл онҳо аллакай 700 километрро таҳти назорати худ гирифтанд. То замони расидани мо ба Тоҷикистон тақрибан тамоми манотиқи марзии Афғонистону Тоҷикистон аллакай таҳти назорат онҳо гузашт - 1344 км ", - гуфт Сидоров.
Пас аз омӯхтани вазъи марзӣ, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ хелосаҳои зерин бароварда шуд.
Ҳамсояи нав? насби парчами Толибон дар пули байни Тоҷикистону Афғонистон - акс
Намояндагони СААД ба омодагии низомиёни тоҷик баҳои баланд дода, ба хулосае омаданд, ки зарурати ҷалби нерӯҳои дастаҷамъӣ барои ҳифзи марз вуҷуд надорад.
Идомаи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Теҳрон
Аммо, дар ҳолати зарурӣ, бо қарори сарони давлатҳои Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ тамоми ҷузъи қудрати СААД барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар сурати ташдиди авзоъ дар марз истифода мешавад.