ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави Толибон* ба шаҳри Қандаҳор ҳамла карданд, иттилоъ додааст РИА Новости дар истинод ба як манбаи худ.
Қандаҳор дуввумин шаҳри бузурги Афғонистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли ҳозир, дар яке аз ноҳияҳои он задухурдҳои шадид миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон ҷараён доранд.
Ба гуфтаи волии Қандаҳор, вазъ таҳти назорат аст. Вай изҳор дошт, ки ҷангҷӯён аллакай ба тарки шаҳр оғоз кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, ки задухӯрд боиси талафоти сокинони маҳаллӣ шудааст. Задухурд дар наздикии зиндони марказӣ сурат гирифт ва ҳоло дар минтақаи бозор идома дорад.
Тибқи изҳороти Раёсати Амнияти Миллӣ, як нерӯҳои вижаи артиши ҳукуматӣ шабона дар бархе аз минтақаи Афғонистон алайҳи Толибон амалиёт анҷом доданд. Дар ин амалиёт нӯҳ ҷангҷӯ кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Қаблан Толибон гуфта буданд, ки аксари манотиқи Афғонистонро таҳти назорат худ гирифтаанд. Ҷангҷӯёни Толиб* аз 400 вулусволӣ 174-тои онро забт карданд. Ҳузури ҷангҷӯёни Толиб танҳо дар Кобул ва минтақаҳои атрофи он дида намешавад.
Ғайр аз ин, Толибон забти минтақаҳои аҳолинишин ва посгоҳҳоро дар марзи кишвар идома медиҳанд. Чанде пеш намояндагони ин ҷунбиш ба шаҳрҳои Ислом Қалъа ва Торгунд, ки дар наздикии Эрон ҷойгиранд, ҳуҷум карданд. Ҷангҷӯён ҳамчунин аз се ду ҳиссаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва баъзе шаҳрҳо дар марзи Ӯзбекистон ва Туркманистонро низ таҳти назорати худ гирифтанд.
Толибон баъд аз тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз хоки Афғонистон амалиётҳои низомии худро дар манотиқи гуногуни кивар афзоиш доданд.
Муноқишаи мусаллаҳонаи дохилӣ кайҳо берун аз марзи ҷумҳурӣ гузаштааст: Русия, Амрико ва инчунин Осиёи Марказӣ шиддат ёфтани вазъро мушоҳида мекунанд.