Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

"Бисёр шуд": қисме аз бузургтарин Шифохонаи Суғд ба қарантин гузашт

Афзоиши мавридҳои сироятёбӣ ба “вируси корона” ба тағйирёбии реҷаи кори бузургтарин Шифохонаи клиникавии Суғд боис гардидааст. Ҳоло қисме аз шуъбаҳои ин бемористон қарантин шудааст
Sputnik
ДУШАНЕБ, 9 июл– Sputnik. Манобеъ аз Бемористони клиникавии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи афзоиши хуруҷи дигарбораи бемории коронавирус зарурати қарантин намудани ин макон ба вуҷуд омадааст.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳоло бо дастури вазири тандурустӣ ва раиси вилояти Суғд, бистарӣ намудани гирифторони “вируси корона” дар ин Шифохона шурӯъ шудааст.
“Дар ҳоли ҳозир танҳо блоки Б – ро, ки асосан шуъбаҳои табобати баъдиҷарроҳӣ ба ҳисоб мераванд қарантин карда мешаванд. Ҳуҷра ва койкаҳо барои гузаштан ба реҷаи махсус омода карда шуда буданд ва шуруъ аз имрӯз ба қарантин ё (красная зонна) гузаронида шуданд”, - гуфт манбаъ.
Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар Суғд дар умум аз 31 шуъба ва ҳудуди 600 койка иборат буда, аз бузургтарин шифохонаҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гармӣ ҷараёни коронавирусро шадидтар мекунад
Ин шифохона моҳи апрели соли 2020 дар пайи сабти нахустин мавридҳои хуруҷи “вируси корона” ба кишвар як дафъа қарантин шуд ва декабри соли қаблӣ баъди 7 моҳ ба далели кам шудани хуруҷи ин беморӣ ба реҷаи маъмулӣ баргашт.
Он замон ин ва Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд, ду макони аслӣ барои табобати беморони коронавирус дар маркази Суғд шумурда мешуданд. Масъулони Раёсати тандурустии Суғд аз ироаи шарҳи омори гирифторони бемории каронавирус худдорӣ варзиду танҳо ҳамин қадар мегуянд, ки “бисёр шуд”.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 29 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин 24 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 июл дар кишвар 13719 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
"7 дар сади беморони ковид мемиранд": чаро Давлатов ваксинзаниро ҳатмӣ мегӯяд - видео
Аз ин шумора то санаи зикргардида 13461 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 97 нафар фавтидаанд.
Табибони тоҷик мегуянд, барои пирӯзӣ бар “вируси корона” омодаанд, вале барои ба ин мақсад расидан, риояи оддитарин тавсияҳои беҳдоштӣ: бастани моск (ниқоб), зуд-зуд тоза намудани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳар як сокини кишвар муҳим мебошад.